Бо ташаббуси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба як сокини бемори деҳаи Вахш кумаки ғизоӣ расонида шуд. Тибқи иттилоъ, ин иқдоми хайриявӣ аз ҳисоби сокинони деҳаи Вахш, ҷамоати шаҳраки…
Бо ташаббуси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба як сокини бемори деҳаи Вахш кумаки ғизоӣ расонида шуд.
Тибқи иттилоъ, ин иқдоми хайриявӣ аз ҳисоби сокинони деҳаи Вахш, ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», дар моҳи шарифи Рамазон амалӣ гардид. Дар доираи ин амал ба сокини бемор маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар ва сабзавот дастрас карда шуд.
Масъулини бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо зикр намуданд, ки ҳадафи чунин иқдомҳо дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус беморон ва оилаҳои эҳтиёҷманд мебошад. Онҳо ҳамчунин қайд карданд, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи саховат ва дастгирии якдигар буда, чунин корҳои хайриявӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси масъулияти иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Сокинони деҳа низ бо рӯҳияи ҳамдилӣ дар ин иқдом саҳм гирифта, барои дастгирии ҳамдеҳагони ниёзманд саҳм гузоштанд. Ин гуна ташаббусҳо дар ҷомеа рӯҳияи ҳамдигарёрию ҳамбастагиро тақвият бахшида, ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.