Дар фарҳанги забони тоҷикӣ Наврӯз - рӯзи аввали соли ҳиҷрии шамсӣ, ки ба 21 март баробар меояд ва ҳамчун ин рӯз ид ва ё ҷашни соли нав гуфта мешавад, омадааст. Ҷашни Наврӯзро муаррихон ҳамчун рамзи дӯстӣ, сулҳ, бахшиш ва оғози зиндагии нав маънидод мекунанд. Муҳаққиқ ва адиби тоҷик Ваҳҳобзода Рустам ба маврид қайд менамоянд, ки «Дар миёни чаҳор ҷашни бузурги тақвими миллии таърихии тоҷикон ва ҳама ақвоми ориёӣ, яъне Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки дар даврони истиқлоли сиёсии Тоҷикистон дубора дар сатҳи давлатӣ ва дар матни фарҳанги миллию мардумӣ эҳё гардидаанд ва дар ҳоли такомули рӯзафзун қарор доранд, Наврӯз ҷойгоҳи хосу вижа дорад. Ин ҷашнҳо ҳамагӣ хуршедмеҳвар ва бар мабнои таҳаввули табиии Замин ва Кайҳон бино ниҳода шуда, дар асл ҳалқаҳои баҳампайвасти як занҷираи заррини замонӣ, кайҳонӣ, заминӣ ва маънавӣ мебошанд».
Аз таърихи ин ҷашн ба маъхазҳои асосӣ, яъне «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-маҳосин-вал-аздод»-и Хисравӣ ва дигар асарҳо назар афканем, маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун ҷашн гирифта мешуд. Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарфардин гиромӣ дошт ва рӯзи шашуми Фарфардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт. Сарчашмаҳои таърихӣ исбот месозанд, ки таърихи ин ҷашн зиёда аз 3000 сол дорад. Он ҳанӯз дар замони қадим дар байни халқҳои форсизабон ва халқҳои Осиёи Марказӣ пайдо шудааст. Бисёре аз олимон бар он назаранд, ки Наврӯз бо фарҳанги давраи Империяи Ҳахоманишиён алоқаманд аст. Дар он давра шоҳон оғози баҳорро ҳамчун оғози соли нав ҷашн мегирифтанд.
Омӯзишҳо аз таърих то ба имрӯз ба мо маълум менамояд, ки ҷашни Наврӯз мардумро ба меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунад. Ҳамин рамзи саодатмандофарии онро дар байни мардум баназар гирифта Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид санаи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64 - уми худ таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳони Наврӯз» қабул кард. Мутобиқи қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил карда мешавад. Дар қабули ин қатънома саҳми кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон назаррас мебошанд.
Шоираи ширинсухан Хосият Вализода дар вақти матлуб чунин гуфтааст:
Рӯҳи олияи Наврӯз ҷаҳоноро шуд,
Қадами неку дилафрӯзу чаманоро шуд.
Барои мо тоҷикон боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки имрӯзҳо ин ҷашни таърихӣ ва аҷдодии мо, яъне Наврӯзро дар кишварҳои ҷаҳон бо эҳтироми хоса ҷашн мегиранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон одатан пеш аз Наврӯз мардум хонаҳои худро тоза мекунанд. Ин расм рамзи покӣ ва оғози зиндагии нав мебошад. Дар рӯзи Наврӯз одамон либосҳои нав мепӯшанд, то солро бо хушҳолӣ ва навгонӣ оғоз кунанд. Суманак омода мекунанд, ки яке аз таомҳои асосии Наврӯз аст. Он аз гандуми сабзшуда тайёр мешавад ва рамзи фаровонӣ ва баракат мебошад. Дар Наврӯз мардум ба хонаҳои ҳамдигар мераванд, табрик мегӯянд ва дӯстӣ ва меҳрубониро мустаҳкам мекунанд. Дар дастархон мева, шириниҳо ва таомҳои гуногун мегузоранд. Дар ҷашн бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мекунанд, мисли: гӯштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ. Мардум дар ин ҷашн маъракаҳо меороянд ва суруду рақси идона барпо мекунанд, то ҷашнро бо шодӣ таҷлил намоянд.
Дар тули даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса ба эҳёи расму оин ва анъанаҳои ин ҷашни ниёкон зоҳир гашта истодааст. Натиҷаи ин дастгириҳост, ки алакай дар қатори дигар ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукӯҳи вижа таҷлил карда мешавад. Дар шаҳрҳо ва деҳаҳо барномаҳои фарҳангӣ, суруду мусиқӣ, рақси миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоишҳо баргузор мешаванд. Дар ташкилоту муасисаҳо озмунҳо ва ҳамоишҳои илмӣ-адабӣ доир карда мешавад.
Айни замон, ки мо дар арафаи таҷлили ин ҷашни ниёкон қарор дорем, ба ҳамаи ҳамватанонамон ҷашни Наврӯзро табрику таҳният гуфта ба онҳо пеш аз ҳама тани сиҳат, умри дароз, саодатмандии рӯзгор ва дар кору пайкорашон муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам.