11-уми март, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, вохӯрии тарғиботӣ бо сокинони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи усули “Мактаб ба мактаб”…
11-уми март, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, вохӯрии тарғиботӣ бо сокинони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи усули “Мактаб ба мактаб” баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва тарбиявӣ бахшида шуд.
Дар вохӯрӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, намояндагони бахши маориф, фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ намояндагони мақомоти иҷроия мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа қайд карданд. Ҳамзамон, ба иштирокчиён оид ба риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳо “Дар бораи мақоми омӯзгор”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, муқовимат ба омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин дар бораи таъсири манфии бегонапарастӣ ва пӯшидани либосҳое, ки ба фарҳанги миллии тоҷикон бегонаанд, ибрози назар карда шуд.
Дар баробари ин, масъалаҳои ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузории шаҳрвандон дар корҳои ободонию созандагӣ низ матраҳ гардида, ба аҳолӣ барои фаъолона иштирок намудан дар рушди ҷомеа даъват ба амал оварда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон андешаву пешниҳодҳои худро иброз дошта, чунин мулоқотҳоро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ муҳим арзёбӣ карданд.