5-уми март, дар шаҳри Левакант бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар як қатор модарони собиқадору рӯзгордидаи шаҳр мавриди аёдат ва қадрдонӣ қарор гирифтанд. Бо ин мақсад раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳ бо фаъолони шаҳр ва намояндагони…
5-уми март, дар шаҳри Левакант бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар як қатор модарони собиқадору рӯзгордидаи шаҳр мавриди аёдат ва қадрдонӣ қарор гирифтанд.
Бо ин мақсад раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳ бо фаъолони шаҳр ва намояндагони сохторҳои маҳаллӣ ба манзили чанд модари собиқадор ташриф оварда, онҳоро бо фарорасии иди модарон самимона табрик намуданд.
Зимни аёдат ба модарони гиромӣ гулдастаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва шириниҳо тақдим гардида, аз хизматҳои шоистаи онҳо дар тарбияи фарзандон ва саҳмашон дар рушди ҷомеа изҳори сипосу қадрдонӣ карда шуд.
Раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ зимни суҳбат бо модарони рӯзгордида иброз дошт, ки модар рамзи меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва сарчашмаи зиндагии пурсаодати инсон аст.
Таъкид гардид, ки эҳтирому арҷгузорӣ ба модарон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи муҳими ҷомеа ба шумор меравад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки таҷлили чунин санаҳои муҳим имконият фароҳам меорад, то заҳмату хизматҳои модарон, ки дар тарбияи фарзандони солеҳ ва пешрафтаи ҷомеа саҳми арзанда доранд, боз ҳам бештар қадр карда мешавад.
Модарони аёдатшуда аз чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба роҳбарияти шаҳр барои дастгирӣ ва қадрдонӣ изҳори миннатдорӣ карданд.