4-уми март, бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант миёни гулдухтарон мусобиқаи зеҳнии шашка ва шоҳмот гузаронида шуд. Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан – модар, тарғиби тарзи…
4-уми март, бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант миёни гулдухтарон мусобиқаи зеҳнии шашка ва шоҳмот гузаронида шуд.
Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан – модар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди тафаккури мантиқӣ ва дарёфти чеҳраҳои болаёқат миёни наврасон роҳандозӣ шуд. Дар мусобиқа хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок намуда, маҳорати зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии худро нишон доданд.
Қабл аз оғози рақобатҳо масъулини соҳаи варзиш суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими қобилияти фикрронӣ, боло бурдани сатҳи дониш ва рушди истеъдоди духтарон мусоидат менамоянд. Таъкид гардид, ки дастгирии наврасон, бахусус духтарон, дар самти варзиш ва бозиҳои зеҳнӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса ба ҳисоб меравад.
Мусобиқа аз рӯйи ду намуди бозии – шашка ва шоҳмот – ҷараён гирифта, иштирокчиён дар фазои рақобати солим байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Доварон ба маҳорати иштирокчиён баҳои баланд дода, сатҳи омодагии онҳоро назаррас арзёбӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо бахшида ба Рӯзи Модар ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва рушди қобилиятҳои зеҳнии духтарон баргузор карда мешавад.