4-уми март, тибқи нақшаи кории Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо корфармоён ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Левакант семинари омӯзишӣ баргузор шуд. Чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти…
4-уми март, тибқи нақшаи кории Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо корфармоён ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Левакант семинари омӯзишӣ баргузор шуд. Чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мақсади расонидани ёрии амалии усулию дастурӣ ва тақвияти фаъолияти муштараки корфармоён ва иттифоқҳои касаба ҷиҳати риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи муносибатҳои меҳнатӣ доир гардид.
Дар кори семинар муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиён Саъдулло, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Ризозода Абдурозиқ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати давлатии хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Ҳамза Бобозода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмии вилояти Хатлон Ширинзода Муҳиддин ва нозири меҳнати Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илмии вилояти Хатлон Раҳматов Ораз иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки риояи муқаррароти қонунгузории меҳнат, бастани шартномаҳои меҳнатӣ, таъмини шароити муносиби кор, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва таҳкими ҳамкории иҷтимоӣ байни корфармо ва корманд аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Иштирокчиён доир ба тартиби дурусти ба роҳ мондани муносибатҳои меҳнатӣ, пешгирии баҳсҳои меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо тавсияҳои мушаххаси методӣ пешниҳод карданд.
Ҳамчунин, масъулон оид ба нақши ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон, гузаронидани санҷишҳои дохилӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми семинар ба шунавандагон дастурҳои методӣ пешниҳод гардида, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи самараноки талаботи қонунгузории меҳнат дар корхонаву муассисаҳои шаҳр тавсияҳои амалӣ дода шуданд.