25-уми феврал, дар толори ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки муовини раиси шаҳри Левакант Чиллазода Холмаҳмад ва раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Хидирзода Маҳмад вохӯрии корӣ баргузор гардид. Дар мулоқот фаъолон, раисони кумитаҳои маҳал,…
25-уми феврал, дар толори ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки муовини раиси шаҳри Левакант Чиллазода Холмаҳмад ва раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Хидирзода Маҳмад вохӯрии корӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот фаъолон, раисони кумитаҳои маҳал, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Нахуст масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки хизмати Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон буда, масъулинро зарур аст корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳал ҷоннок намуда, барои иҷрои босифати нақшаи даъвати баҳорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ин замина ҳамкории зич бо падару модарон ва фаъолони маҳаллаҳо муҳим арзёбӣ шуд.
Ҳамзамон, ба масъалаи вусъат бахшидани кишти баҳорӣ ва истифодаи самараноки ҳар як қитъаи замин таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зикр шуд, ки бо дарназардошти талаботи бозор ва таъмини амнияти озуқаворӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд кишти зироатҳои мавсимиро сари вақт ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд. Масъулин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда чораҳои иловагӣ андешанд.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаи сарфакорона истифода бурдани неруи барқ мавриди таҳлил қарор гирифта, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба масрафи оқилонаи қувваи барқ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Қайд гардид, ки риояи меъёрҳои истифодаи барқ ба устувории таъминот ва пешгирии мушкилоти мавсимӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, даст задан ба қонуншиканӣ ва дигар омилҳои номатлуб баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ бояд дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеа тақвият дода шаванд.
Дар фарҷоми мулоқот масъулин барои иҷрои дастуру супоришҳои додашуда вазифадор гардида, таъкид шуд, ки танҳо бо фаъолияти дастаҷамъона метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид ва рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалро таъмин намуд.