19-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки кормандони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар деҳаи Ҳаёти Нави ҳудуди ҷамоат бо усули «хона…
19-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки кормандони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар деҳаи Ҳаёти Нави ҳудуди ҷамоат бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣ гузарониданд.
Зимни суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо сокинон масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, риояи қонунгузорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, муқовимат ба хурофотпарастӣ ва дигар падидаҳои номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ба шаҳрвандон вобаста ба тарбияи дурусти фарзандон, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзӣ ва касбомӯзӣ, инчунин истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳои муфид дода шуд.
Аъзои гурӯҳи корӣ сокинонро ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаҳо, кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист даъват намуданд. Қайд гардид, ки ободии ҳар як маҳал аз масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъоли ҳар як сокин вобастагӣ дорад.
Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав ташаббуси мазкурро муҳим арзёбӣ карда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва иштироки фаъолона дар рушди маҳал иброз доштанд.
Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ идома хоҳанд ёфт.