Бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ миёни наврасону ҷавонон, бахши маорифи шаҳри Левакант тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуд. Тибқи мактуби Комиссариати ҳарбии шаҳри…
Бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ миёни наврасону ҷавонон, бахши маорифи шаҳри Левакант тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуд.
Тибқи мактуби Комиссариати ҳарбии шаҳри Левакант ва дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 220 нафар хонандагон ва омӯзгорони фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» ба қисми ҳарбии 07017 сафарбар гардиданд. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор шуда, иштирокчиён бо шароити хизмат, тартиботи низомӣ ва имкониятҳои моддиву техникии қисми ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.
Масъулини қисми ҳарбӣ ба хонандагон оид ба таърихи таъсис ва марҳилаҳои рушди Артиши миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, аз саҳми ҷавонон дар ҳифзи марзу буми кишвар ёдовар гардиданд. Ҳамзамон, машқҳои намунавии ҳарбӣ, намоиши техника ва суҳбату вохӯриҳои озод бо афсарону сарбозон баргузор карда шуд.
Зикр гардид, ки чунин иқдомҳо барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ ва таҳкими тарбияи шаҳрвандии хонандагон нақши муассир доранд. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки шиносоӣ бо ҳаёти низомӣ ва гуфтугӯ бо хизматчиёни ҳарбӣ дар онҳо ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватанро боз ҳам бештар намуд.