16-уми феврал, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз пойгоҳи обтаъминкунии шаҳр боздид ба амал оварда, бо вазъи фаъолияти иншоот ва ҳолати техникии таҷҳизот аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид раиси шаҳр ба ҳолати қубурҳои обрасон ва насосҳои обкаш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки фарсудашавии бархе аз қубурҳо ва таҷҳизот метавонад ба таъминоти мунтазами аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъсири манфӣ расонад, аз ин рӯ бояд корҳои навсозӣ ҳарчи зудтар роҳандозӣ карда шаванд.
Муминзода Мастура Табарӣ иброз дошт, ки таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки мақомоти маҳаллӣ ба шумор меравад. Ӯ таъкид кард, ки аҳолии шаҳр набояд аз оби ошомиданӣ барои истифодаи рӯзгор танқисӣ дошта бошад ва тамоми сохторҳои марбута вазифадоранд дар ин самт фаъолияти худро ҷоннок намоянд.
Ҳамзамон ба масъулон дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои садамавӣ, коҳиш додани талафоти об ва баланд бардоштани самаранокии кори насосҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.