Субҳи 14-уми феврал, дар шаҳри Левакант бо фазои тозаи баҳорӣ ва рӯҳияи болидаи сокинон оғоз ёфт. Чун анъана, рӯзи корӣ аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, садҳо нафар сокинон барои таҳкими саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба майдонҳои варзишӣ ва…
Субҳи 14-уми феврал, дар шаҳри Левакант бо фазои тозаи баҳорӣ ва рӯҳияи болидаи сокинон оғоз ёфт. Чун анъана, рӯзи корӣ аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, садҳо нафар сокинон барои таҳкими саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ба майдонҳои варзишӣ ва хиёбонҳои шаҳр ҷамъ омаданд.
Дар машқи пагоҳирӯзӣ роҳбарону кормандони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр, инчунин роҳбарону намояндагони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд. Онҳо бо иҷрои машқҳои гуногуни ҷисмонӣ, аз ҷумла давидан, тамринҳои умумии инкишофи ҷисмонӣ ва ҳаракатҳои варзишӣ саҳми худро дар густариши фарҳанги солимгардонӣ гузоштанд.
Ташкили чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани рӯҳияи ҷамъиятӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди варзиши оммавӣ мусоидат менамояд. Иштирокчиён иброз доштанд, ки машқи пагоҳирӯзӣ на танҳо саломатиро беҳтар месозад, балки барои оғози рӯзи корӣ неру ва илҳоми тоза мебахшад.
Масъулон таъкид карданд, ки баргузории мунтазами машқҳои пагоҳирӯзӣ дар шаҳр минбаъд низ идома ёфта, барои ҷалби ҳарчи бештари сокинон ба варзиш тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ карда мешаванд.