15 феврал, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи баровардани Қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ аз хоки Афғонистон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ дар шаҳри…
15 феврал, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи баровардани Қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ аз хоки Афғонистон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ дар шаҳри Левакант чорабинии идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиши тантанавӣ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, ҷанговарони башардӯсти шаҳр, собиқадорони интернатсионалист ва дигар фаъолон иштирок намуданд. Зимни суханронии худ муовини раиси шаҳр тамоми собиқадорони интернатсионалистро ба муносибати 37-солагии баровардани қӯшунҳои ҳарбии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ аз хоки Афғонистон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва сарбаландӣ орзу намуд.
Қайд гардид, ки артиши Шӯравӣ моҳи декабри соли 1979 ба хоки Афғонистон ворид карда шуд. Соли 1988 баъди ба имзо расидани Созишномаи Женева раванди баровардани нерӯҳо оғоз гардида, 15 феврали соли 1989 охирин ҷузъи Армияи 40-уми Иттиҳоди Шӯравӣ қаламрави Афғонистонро тарк намуд. Артиши Шӯравӣ дар маҷмӯъ 9 солу 1 моҳу 12 рӯз дар ин кишвар қарор дошт. Дар ин муддат беш аз 15 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, ки дар миёни онҳо ҷавонони тоҷик низ буданд.
Тибқи маълумот, зиёда аз 15 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон қарзи интернатсионалии худро дар Афғонистон адо намуданд. Аз ин шумора 366 нафар ҳалок гардида, беш аз ҳазор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Номи қаҳрамонон ва хизматҳои онҳо имрӯз бо эҳтиром ёдоварӣ мегардад.
Дар фазои тантанавӣ як қатор собиқадорони интернатсионалист ва оилаҳои онҳо бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Иттифоқи иттиҳодияи собиқадорони интернатсионалист қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин барои собиқадорон дастархони идона ороста гардида, иштирокдорон дар муҳити самимӣ аз хотираҳои солҳои хизмат ёдовар шуданд. Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ анҷом ёфта, бори дигар собит сохт, ки эҳтиром ба корнамоиҳои ҷанговарони интернатсионалист дар ҷомеа ҷойгоҳи хос дорад.