11 феврал, дар шаҳри Левакант тибқи банди 4-и Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2026, ки аз ҷониби раиси вилояти Хатлон 12 декабри соли 2025 таҳти №275 тасдиқ гардидааст, машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳр оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баргузор гардиданд.
Машқҳо дар минтақаҳои хавфноки шаҳр бо мақсади омодагӣ ба мавсими боришоти баҳорӣ, пешгирии хатари селу обхезӣ ва кам намудани зарари эҳтимолӣ роҳандозӣ шуданд. Дар доираи машқҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза намудани каналҳои обгузар, селроҳаҳо, селпартоҳо, ҷӯйбору заҳбурҳо, омода намудани тахтасангҳои оҳанубетонӣ, кашонидани партовҳо ва шинонидани дарахтон анҷом дода шуданд.
Ба машқҳои мазкур қувва ва воситаҳои зерини Низоми ягонаи давлатӣ, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони бахши беҳдошти замин ва обёрӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, муассисаҳои коммуналӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷалб гардиданд.
Дар рафти баргузории машқҳо саҳми сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант – Холиқов Манучеҳр назаррас арзёбӣ гардид. Мавсуф бевосита ба раванди омодасозӣ ва ҳамоҳангсозии қувваю воситаҳо роҳбарӣ намуда, ҷалби саривақтии техника ва мутахассисонро таъмин кард. Бо ташаббус ва назорати ӯ корҳои тозакунии селроҳаҳо ва каналҳои обгузар дар маҳаллаҳои осебпазир бо сифати баланд анҷом ёфта, хатари обхезӣ дар баъзе нуқтаҳои хавфнок ба таври назаррас коҳиш дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Холиқов Манучеҳр бо аҳолии маҳаллаҳои наздимавзеъҳои хавфнок корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардида, тартиби рафтор ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода ва роҳҳои пешгирии онҳо шарҳ дода шуд. Ин иқдом ба баланд гардидани сатҳи омодагии аҳолӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеа мусоидат намуд.
Машқҳои ғайринақшавӣ нишон доданд, ки қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Левакант ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқулода омода буда, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин чорабиниҳо минбаъд низ бо мақсади таъмини амнияти аҳолӣ ва ҳифзи инфрасохтори шаҳр идома хоҳанд ёфт.