4-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Ситоди навбатии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, ки ҳамзамон раиси Комиссияи даъвати ҷавонон дар шаҳр мебошад, доир гардид.
Дар кори Ситод Комиссари ҳарбии шаҳр Раҳимзода Анвар, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҷараёни маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, сатҳи омодагии даъватшавандагон ва тадбирҳои ҷалби ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Комиссари ҳарбии шаҳр Раҳимзода Анвар оид ба рафти корҳои омодагӣ, иҷрои нақшаи даъват ва ҳамкории сохторҳои дахлдор маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Ҳамчунин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз корҳои анҷомдодаашон ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва омодасозии ҷавонон ба хизмати Ватан ҳисобот доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси Комиссияи даъват Баротзода Шарифхон масъулинро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи даъват чораҳои мушаххас андешанд. Ӯ таъкид кард, ки корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, махсусан дар рӯзи аввали даъват ҷавонони ватандӯсту солим ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шаванд.
Зикр гардид, ки хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ буда, саҳми ҷавонон дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Мақомоти шаҳрӣ изҳори омодагӣ намуданд, ки барои баргузории муташаккилонаи маъракаи даъват тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.