Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти роҳбарии Раиси вилоят муҳтарам Сафарзода Шарифхон Нураҳмад ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа, дар баробари баррасии масъалаҳои ҷории ободониву созандагӣ ва сохтмони иншоотҳо, масъалаи таъиноти кадрӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тибқи Фармоиши Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Муҳаммадисо Фарид Муҳаммадисо ба вазифаи сардори Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар ВМКБ таъин гардид.
Раиси вилоят муҳтарам Сафарзода Ш.Н. Муҳаммадисо Фаридро ҷиҳати таъин гардидан ба ин вазифаи масъулиятнок самимона муборакбод намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти минбаъда, пурзӯр намудани назорати бехатарии саноатӣ дар объектҳои истеҳсолӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар қаламрави вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дод.