Ало, эй ҳамватан, шукри замину ин замон — фарз аст,
Ки ҷон додан барои марзу буми ин макон — фарз аст!
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ, рамзи соҳибихтиёрӣ ва заминаи устувори давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик низ Истиқлол оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид. Дар ин раванди муҳим ҷавонон ҳамчун неруи созанда, захираи асосии зеҳнӣ ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ҷойгоҳи хосса доранд. Ҷавонони кишвар на танҳо қисми фаъоли ҷомеаи имрӯза, балки соҳибони фардои Тоҷикистон мебошанд.
Бо дарки ин воқеият, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сиёсати давлатии ҷавононро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят муҳим мебошад. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати дурбинонаи Пешвои ҷавонпарвари миллат барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Таваҷҷуҳи пайваста ба ҷавонон имрӯз самараи нек ба бор меорад. Ҷавонони Тоҷикистон дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, варзиш, саноат, сохтмон, энергетика, соҳибкорӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва хизмати давлатӣ сарбаландона фаъолият намуда, дар пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дастгирии ҷавонон дар сиёсати давлатӣ танҳо фароҳам овардани имконият нест, балки сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
Дар баробари фароҳам овардани имкониятҳо, аз ҷавонон масъулияти бузург низ талаб карда мешавад. Ҳифзи Истиқлол танҳо ҳифзи марзу буми кишвар набуда, ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва манфиатҳои давлатро низ дар бар мегирад. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки соҳибистиқлолӣ амонати муқаддаси насли имрӯз ба наслҳои оянда мебошад.
Мо, ҷавонон, бояд хизмати содиқонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои худ ҳамчун мактаби ибрат ва намунаи баланди хизмат ба давлату миллат қабул намуда, эҳсос намоем, ки идомаи ин роҳи пурифтихор аз ҳар яки мо дониш, ҷасорат, ташаббус ва масъулияти шаҳрвандиро тақозо мекунад. Ҷавоне, ки худро пайрави асили Пешвои миллат медонад, бояд бо рафтору фаъолияти намунавии худ ба ин эътимод сазовор бошад. Пайрави ҳақиқии Пешво он ҷавонест, ки бо дониш, меҳнат, интизом, масъулият ва садоқат ба халқу Ватан роҳи созандагиро пеша намуда, онро идома медиҳад.
Имрӯз аз ҷавонон тақозо мегардад, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамомадаи даврони Истиқлол дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар саҳми бештар гузоранд, ба равандҳои муосир бо зиракии сиёсӣ муносибат намуда, манфиатҳои миллӣ ва давлатиро дар ҷойи аввал гузоранд.
Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои мо на танҳо ҷашни бузурги миллӣ, балки марҳилаи нави масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Мо — ҷавонони Тоҷикистон, ваъда медиҳем, ки бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, бо дониш, меҳнати содиқона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузорем.
Иди Истиқлоли тоҷик зинда бод!
Ваҳдату иқболи тоҷик зинда бод!
Парчами тоҷик баланд аст дар ҷаҳон,
Сарвару Пешвои миллат қаҳрамон.
Тоҷикистон давлати сулҳофар аст,
Номи покаш то самою ахтар аст!
Шамсиддин ФАЙЗУЛЛОЕВ,
мутахассиси нозироти давлатии
назорати саноати кимиё ва металлургӣ