Дар остонаи ҷашни фархундаи миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.
Мукофотҳои давлатиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни маросими тантанавӣ ба кормандони Хадамот тақдим намуд.
Зимни суханронӣ муовини Сарвазири мамлакат кормандони Хадамотро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, саҳми кормандони соҳаи назорати давлатӣ дар таъмини бехатарии истеҳсолот, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон, пешгирии ҳолатҳои нохуш ва таҳкими интизоми истеҳсолиро муҳим арзёбӣ кард.
Дар вазъияти тантанавӣ сардори Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ Хурсанд Назриев ва сармутахассиси Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ-техникӣ Имодулло Убайдуллозода бо медали «Хизмати шоиста», инчунин иҷрокунандаи вазифаи сардори Нозироти давлатии назорати иншооти истеҳсолии хатарнок Идигул Валиева бо медали «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони Хадамот нишонаи қадршиносии давлат аз меҳнати содиқона, масъулияти баланди касбӣ ва саҳми онҳо дар пешбурди соҳаҳои саноат ва кӯҳкорӣ мебошад.
Маркази матбуот