Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Хадамот, кормандон ва Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Сардори Хадамот Исмоил Вализода кормандонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд. Сипас, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода оид ба мақом ва нақши забони давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ маъруза кард.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди забони тоҷикӣ, таҳкими мақоми забони давлатӣ ва густариши истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамчунин, ба нақши забони давлатӣ дар ҷаҳони муосир, ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зарурати рушди он мутобиқ ба талаботи илму технология ва фазои иттилоотӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар идомаи ҷаласа аҳаммияти риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар фаъолияти хизматӣ таъкид шуд. Дурусту равон таҳия намудани санадҳои расмӣ, истифодаи саҳеҳи истилоҳоти соҳавӣ ва риояи фарҳанги забонӣ аз ҷузъҳои муҳими фаъолияти касбӣ арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки барои кормандони Хадамот, бахусус дар соҳаҳои саноат ва кӯҳкорӣ истифодаи дурусти истилоҳоти тахассусӣ аҳаммияти махсус дошта, ба дақиқии ҳуҷҷатҳо ва самаранокии муоширати касбӣ мусоидат мекунад.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода дар суханронии худ кормандони Хадамотро ба эҳтироми забони давлатӣ, риояи меъёрҳои он ва саҳмгузорӣ дар рушди забони тоҷикӣ даъват намуд.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ ва истифодаи дурусти он вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, ҳифзи ин мероси арзишманд ва ба наслҳои оянда расонидани он масъулияти умумӣ мебошад.
Маркази матбуот