Рӯзҳои 1-2 июли соли 2026 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинар-машварати техникӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба мавзӯъҳои муҳими соҳа, аз ҷумла риояи талаботи бехатарии саноатӣ ҳангоми корҳои кӯҳии рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ бахшида шуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни семинар масъалаҳои назорати муомилоти маводи таркандаи таъйиноти саноатӣ, саноати кимиё ва металлургӣ, бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок, назорати нуқтаҳои газпуркунии гази моеъ ва таҳлили ҳодисаҳои нохуши истеҳсолии дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бақайдгирифташуда мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар кори семинар-машварат муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода А.А., сардорони нозиротҳои давлатии марказӣ ва комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза Каримовна ва мудири кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ Самадова Гули Мирҷоновна иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, аҳамияти ҳамкории илму истеҳсолотро дар ин самт муҳим арзёбӣ карданд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони муҳандисию техникии корхонаҳои саноатии минтақа иштирок намуда, вобаста ба мушкилоти мавҷудаи соҳа ба намояндагони Хадамот саволҳо доданд ва посухҳои мушаххаси техникӣ гирифтанд.
Дар хотимаи семинар-машварат, муовини якуми сардори Хадамот Мирзозода А.А. ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ дастури қатъӣ дод, ки ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари хатмкунандагони донишкада ба фаъолияти амалӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Ин ташаббус барои коҳиш додани норасоии кадрҳои соҳибихтисос ва мутахассисони ҷавон дар корхонаҳои саноатии кишвар равона карда шудааст.