Имрӯз дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаикӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 29-уминсолгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки ходими сиёсиву ҷамъиятӣ, шоиритавоно ва бонуи
Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода чорабиниро ифтитоҳ карда, аҳли нишастро ба муносибати ҷашни муқаддасу сарнавиштсози миллат - Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик кард.
Маърузакунандагон доир ба саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ ибрози андешакарданд.
Зикр шуд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳоест, ки маҳз бо талошҳоипайваста ва ҷоннисориҳои Роҳбари давлат ба даст омадааст. Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили асосии ҳифзи субот ва таъмини рушдиустувори Тоҷикистон мебошад.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноилшуд. Дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёт, илмумаориф ва фарҳанг пешрафтҳои муҳим ба амал омаданд. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар партави сулҳу субот ва сиёсати созандаи давлат имконият пайдо кард, ки фаъолияти худро густариш диҳад. Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ низоми назорати давлатии бехатарии саноатӣ вакӯҳкорӣ ба сохтори муосир, рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ табдил ёфта, дар таъмини амнияти истеҳсолӣ ва рушдиустувори соҳаи саноат саҳми назаррас гузошт.
Махсус таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръатиҷаҳонӣ ҳифзи ваҳдат, суботи сиёсӣ ва манфиатҳои миллӣ аз ҳар якшаҳрванди кишвар масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақозо менамояд. Мардуми тоҷик бояд ин неъмати бебаҳоро ҳамчунарзиши муқаддас ҳифз намояд.
Аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ шуда, ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд зери шиори ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ! таҳтироҳбарии Пешвои хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирем.
Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ ба собиқадорон ва кормандони фаъол Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маркази матбуот