19-уми июни соли 2026 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи семинар – машварат дар мавзуи “Риояи талаботи бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳои истеҳсолӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар нуқтаҳои газпуркунӣ, базаҳои нигоҳдории гази моеъ, кимиё ва металлургӣ, бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар семинар муовини якуми сардори Хадамот Ардашер Мирзозода, муовини сардори Хадамот Олимшо Аслонзода, сардорони раёсати илмию техникӣ, нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ, нозироти давлатии назорати газ, нозироти давлатии назорати иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо, нозироти давлатии назорати иншооти истеҳсолии хатарнок ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар рӯзи дуюми семинар – машварат ҳодисаҳои нохуши рухдодаи бақайдгирифташуда дар нимсолаи якуми соли 2026 ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавии бехатарии саноатӣ, риояи талаботи бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳои истеҳсолӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар саноати кимиё ва металлургӣ, риояи талаботи бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳои истеҳсолӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар нуқтаҳои газпуркунӣ, базаҳои нигоҳдории гази моеъ ва қоидаҳои бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Маърузакунандагон сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳо дар нуқтаҳои газпуркунӣ, базаҳои нигоҳдории гази моеъ, кимиё ва металлургӣ, бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ дар шаҳри Душанберо таҳлил намуда, таъкид намуданд, ки аксари садамаҳо дар натиҷаи вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ, нокифоя будани назорати истеҳсолӣ, камбудиҳои техникӣ ва сатҳи пасти омӯзиши кормандон, инчунин фарҳанги пасти истеҳсолӣ ба вуҷуд меоянд.
Аз ин рӯ, барои пешгирии садамаҳо зарур аст, ки муоина ва ташхиси техникии таҷҳизот сари вақт гузаронида шавад, кормандон мунтазам омӯзонида ва аттестатсия карда шаванд; қоидаҳои бехатарии саноатӣ қатъиян риоя карда шаванд.
Риояи талаботи бехатарии саноатӣ кафолати ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон, фаъолияти устувори корхона ва пешгирии оқибатҳои вазнини иқтисодию иҷтимоӣ буда, вазифаи аввалиндараҷи ҳар як корхона мебошад.Танҳо тавассути ташаккули фарҳанги баланди бехатарии саноатӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳамаи иштирокдорони истеҳсолот метавон аз садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ намуд.
Маркази матбуот