25-уми майи соли равон бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ иштирок карданд.
Дар мулоқот прокурори Маркази ягонаи иттилоот оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиёвуш Маҳмуродзода моҳият ва муҳтавои Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026-2030 шарҳ дода шуда, вобаста ба хатари густариши ин зуҳурот барои ҷомеа ва вусъат бахшидани фаъолият дар ин самт таклифҳои зарурӣ пешниҳод карда шуданд.
Зикр шуд, ки стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Дар фарҷом сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ҷомеаи ҷаҳони алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Тамоми кормандон ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифатро зарур аст, ки аз оқибатҳои нангини ин зуҳурот бохабар буда, бар зидди ин хатар муқовимати дастаҷамъона нишон диҳанд.
Маркази матбуот