12-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷопон таҳти роҳбарии муовини директори Раёсати захираҳои табиии Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон Хоси Кодзи, корманди вазорати мазкур Судзуки Рёта ва директори лоиҳаҳои Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон Кария Таку баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини якуми сардори Хадамот Ардашер Мирзозода, муовини сардор Олимшо Аслонзода ва сардорони нозироти соҳавӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот муовини якуми сардори Хадамот Ардашер Мирзозода доир ба самтҳои асосии фаъолияти ниҳод, ваколатҳои он дар бахши назорати давлатӣ ва омодагии Хадамот ҷиҳати густариши ҳамкориҳои техникӣ бо ҷониби Ҷопон ибрози андеша кард.
Ҷониби Ҷопон оид ба фаъолияти Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетика ва талаботи рӯзафзуни бозори ҷаҳонӣ ба ашёи хоми минералӣ маълумот дода, ҳавасмандии хешро барои сармоягузорӣ дар соҳаи истихроҷи маъдани Тоҷикистон иброз доштанд.
Маркази матбуот