Иштироки намояндаи Хадамот дар Конфронси байналмилалии МҲТБО дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин
Рӯзҳои 14-17-уми апрели соли 2026 муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Мирзозода дар Конфронси сеюми байналмилалии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) оид ба бехатарии конҳо дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳимми пешгирии хавфҳо, идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва истифодаи технологияҳои навин дар соҳаи кӯҳкорӣ бо иштироки коршиносон аз кишварҳои Осиё ва Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
А. Мирзозода дар мавзуи «Қонунгузорӣ ва танзими пешгирии хавфҳои бехатарии конҳо дар Тоҷикистон» маъруза карда, оид ба қонунгузории миллӣ ва ҳамкории байналмилалии Хадамот бо кишварҳои ҳамсоя ва Чин маълумоти муфассал дод.
Дар доираи конфронс иштирокдорон аз Донишкадаи илмию тадқиқотии "CCTEG Xi’an" дидан намуда, бо дастовардҳои муосир дар соҳаи иктишофи геофизикӣ, пармакунии интеллектуалӣ ва системаҳои огоҳии пешакӣ аз садамаҳо шинос шуданд. Ин таҷриба барои такмили низоми назорати давлатӣ ва ворид намудани технологияҳои рақамӣ дар конҳои Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар чорабинӣ намояндагони баландпояи мақомоти назорати бехатарии саноатӣ аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркия ва дигар кишварҳо иштирок доштанд, ки ин имкон дод мубодилаи таҷрибаи судманд сурат гирад. Хадамот омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар доираи МҲТБО ҷиҳати татбиқи стандартҳои байналмилалии бехатарӣ ва таъсиси "шахтаҳои интеллектуалӣ" изҳор намуд.
Маркази матбуот