21-уми март дар рӯзи ҷашни байналмилалии Наврӯз пас аз анҷоми таъмири куллӣ Беморхонаи ноҳиявии Зарафшон мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иқдоми муҳим дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ амалӣ гардид.
Дар маросими ба истифода додани муассисаи тиббӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Исмоил Вализода ва Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок доштанд.
Корҳои таъмиру таҷдиди беморхона аз ҷониби ҶДММ “Анас Муосир” бо сифати баланд анҷом дода шуда, бино ва зерсохторҳои он ба талаботи муосири соҳаи тандурустӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Дар доираи ин лоиҳа, инчунин бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷойи бақайдгирии ниҳоии шаҳрвандон (ҶБНШ – МОРГ), яъне сардхона барои нигоҳдории ҷасадҳо низ сохта, ба истифода дода шуд, ки ин барои такмили хизматрасониҳои марбут ба соҳаи тандурустӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, беморхонаи кӯдакона пурра азнавсозӣ гардида, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуд. Хусусан, ҳуҷраи ҷарроҳӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои анҷом додани амалиётҳои мураккаб шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар доираи корҳои анҷомёфта бинои асосии беморхона пурра таъмир гардида, ҳуҷраҳои бистаришавӣ, утоқҳои муоина ва табобат, инчунин шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла гармидиҳӣ ва барқрасонӣ, таҷдид карда шуданд. Ин тадбирҳо барои беҳтар намудани шароити кори кормандони тиб ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба беморон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Чунин иқдомҳо далели равшани татбиқи амалии сиёсати иҷтимоии давлат дар маҳал буда, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими ҳифзи саломатии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.
Маркази матбуот