Соли 2025 226 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳое, ки дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифт шудаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ҷарима карда шуданд. Дар ин хусус сардори ин хадамот Санъат Раҳим 27 январ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 46 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 40 нафар ба ҳалокат расида, 27 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Ба иттилои Санъат Раҳим, сабабҳои асосии ин ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноат дар ҷараёни кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, ҳамчунин риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.
«Дар ин замина барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо нисбат ба 40 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷарима баста шуданд»,– иттилоъ дода шуд дар нишасти матбуотии ин ниҳод.