Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олӣ, меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд. Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аслан кишвари кӯҳистон буда, кӯҳҳои устувору…
Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олӣ, меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон аслан кишвари кӯҳистон буда, кӯҳҳои устувору сарбафалаккашидаашро ба оғӯш гирифтааст. Аз ин ҷост, ки ин кишвари некном гӯё амсоли биҳишт дар рӯйи замин буда, дорои табиати зебо ва иқлими мусоид мебошад. Боди форам ва насими кӯҳистон ҳолати инсонро ба дурҳои дур талқин намуда, ӯро дар дунёи рангини зиндагӣ ба камол мерасонад — дунёе, ки орӣ аз кинаву адоват ва бухлу ҳасад аст.
Ҷойи тааҷҷуб нест, ки одамони кӯҳистон низ аз табиати зебои диёр чунин хислатҳои некро мерос гирифтаанд. Маншаи иродаи устувору матонати Рустамона, хислати зебо, дунёи рангин, ҳалимию меҳрубонии одамони кӯҳистон дар табиати нотакрори кӯҳҳои осмонбӯси ин кишвари некном нуҳуфтааст. Ин сарзамин аз азал шахсонеро ба воя расонидааст, ки барои онҳо давлату Ватан муқаддас буда, хизмати халқ шарафу номус маҳсуб меёбад.
Ҳошимов Додочон аз ҷумлаи ҳамон шахсони соҳибобрӯест, ки дар ноҳияи зебоманзар ва дорои таърихи пурғановати Ашт, вилояти Суғд, 14 августи соли 1950 дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Ӯ иродаву матонат, хаёлоти зебо, дунёи рангин, ҳалимию меҳрубониро аз кӯҳистон ба мерос гирифта, дар давоми ҳаёту фаъолияти худ ин хислатҳои наҷиби инсониро сайқал додаанд.
Сутуни хонадон — падари мушфиқу ғамхор Аслонов Хошимҷон — соҳиби касби омӯзгорӣ буда, умри худро ба тарбияи насли наврас ва ҳидоят намудани онҳо ба хизмати халқ бахшида буданд. Модари дилсӯзу меҳрубон Аслонова Санобар бошад, тамоми вуҷуди худро дар меҳнати ҳалол пайдо намуда, ҳастии худро ба меҳнат бахшида буданд.
Ин хислатҳои наҷиби инсонӣ, ки дар симои падари мушфиқу модари меҳрубон инъикос ёфта, Додочони кӯчакро фаро гирифта буданд, дар ташаккули шахсияти ӯ нақши муҳим бозиданд. Додочони ҷавон вуҷуди худро берун аз меҳнату омӯзиш ва хизмати мардум тасаввур карда наметавонистанд. Гомҳои он кас дар пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ чун кӯҳҳои сарбафалаккашидаи диёр устувор буданд. Ҳастии дар меҳнати ҳалол сайқалёфтаи модари дилсӯз низ Додочонро ба роҳи расидан ба қуллаи мақсуд ҳидоят менамуд.
Падарашон Аслонов Хошимҷон 12 январи соли 1925 дар деҳаи Ашт ба дунё омада, солҳои тӯлонӣ ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Умари Хайёми ноҳияи Ашт фаъолият намудаанд. Бо хислати баланди инсонӣ, хоксорӣ ва фаъолияти софдилонаву пурсамарашон сазовори обрӯю эҳтироми хосса дар байни ҷомеа гардида буданд. Шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба камол расонидаанд.