АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ПАРАДИ ҲАРБӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО ШУКӮҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид, роҳбарону…
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои низомӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, занону ҷавонон, фаъолони ҷомеа ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Паради ҳарбӣ бо иштироки зиёда аз 3500 нафар дар фазои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ баргузор гардид. Ҳадафи он таҷассум намудани садоқату муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва нишон додани омодагии сохторҳои низомию қудратӣ ба ҳифзи сулҳу субот, амният ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Дар ҷараёни парад ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо интизоми баланди низомӣ аз назди минбари фахрӣ гузаштанд. Қадамҳои устувор, сафороии муназзам ва рӯҳияи баланди хизматчиёни ҳарбӣ рамзи омодагӣ ва масъулияти онҳо дар назди Ватан арзёбӣ гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро парафшон намуда, муҳаббату садоқати хешро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ифода карданд.
Зимни паради ҳарбӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик ба шумор рафта, ҳифзу таҳкими он, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Паради ҳарбӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун ифодаи эҳтиром ба Ватан, Артиши миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ баргузор гардида, ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳи тоза бахшид.