ТАБРИКОТИ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдиёрони азиз! 9 сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи тақдирсоз бо ҳарфҳои заррин…
ТАБРИКОТИ
раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Амирзода Маҳмуд Ҳамид
ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
9 сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи тақдирсоз бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Имсол аз он рӯйдоди бузурги таърихӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 35 сол сипарӣ гардид.
Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азизи мо марҳилаҳои басо муҳим ва сарнавиштсози таърихиро тай намуда, ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.
Дар ин давра, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангин, мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санҷишҳои бузурги таърихӣ сарбаландона гузашта, роҳи давлатсозӣ ва созандагиро устуворона идома доданд.
Пеш аз ҳама, бояд зикр кард, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат пеши роҳи аз байн рафтани миллат ва давлати тоҷикон гирифта шуда, дар саросари кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагӣ пойдор гардид.
Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мо соҳиби рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ - Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, Артиши миллӣ ва дигар рукнҳои давлатдории миллӣ гардидем.
Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ хеле зиёданд ва ҳар яки мо шоҳиди бевоситаи ин пешрафту дигаргуниҳо ҳастем.
Дар ин давра сохтмони иншооти бузурги энергетикӣ, роҳҳои мошингард, пулҳо, корхонаҳои саноатӣ ва дигар инфрасохтори муҳим вусъат гирифта, барои рушди иқтисоди миллӣ заминаи устувор фароҳам овард. Сохтмони бузургтарин иншооти аср - Неругоҳи барқи обии «Роғун» - низ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳ ва эътибори шоистаи худро пайдо кардааст. Истиқлол ба миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаҳои мутақобилан судмандро густариш бахшида, ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.
Дар зарфи 35 соли Истиқлол пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам, раванди демократӣ таҳким ёфта, иқтисоди миллӣ рушд кард ва обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафт.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Истиқлол неъмати бебаҳо ва сарвати гаронбаҳои миллат мебошад. Маҳз соҳибистиқлолӣ барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
Дар ин раванд ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар давоми 35 соли Истиқлол дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омада, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардид.
Мо хуб медонем, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун ноҳияи аграрӣ яке аз минтақаҳои муҳими кишоварзии мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мо ба шумор меравад.
Дар солҳои аввали даврони истиқлолӣ соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда буд. Бо сабабҳои гуногун ҳосилнокии зироатҳо коҳиш ёфта, ҳолати мелиоративии заминҳо бад гардида буд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ оғоз гардида, шаклҳои нави хоҷагидорӣ ҷорӣ шуданд ва замин ба истифодабарандагони воқеии он вогузор гардид. Ин раванд дар ноҳияи мо низ самараи хуб ба бор овард.
Имрӯз шумораи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аз 3 ҳазор адад гузаштааст. Пахтакорӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ҳамасола дар майдони зиёда аз 8 ҳазору 100 гектар ба роҳ монда мешавад.
Соли 2025 истеҳсоли пахта дар ноҳия ба 17 ҳазору 443 тонна расид, ки нисбат ба соли 2024 7 ҳазору 475 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон, солҳои охир истеҳсоли ғалла, картошка, сабзавот, полезӣ, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, гардиши савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ дар ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди иқтисодии ноҳия буҷети маҳаллӣ мебошад. Агар дар соли 1991 ҳаҷми умумии буҷети ноҳия 420,8 ҳазор сомонӣ-ро ташкил медод, пас ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 180 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ва барои соли 2026 ба 236 миллиону 400 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.
Инчунин, маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Агар соли 1991 барои соҳаи маориф ҳамагӣ 320 ҳазору 400 сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2025 ба 132 миллиону 310 ҳазор сомонӣ ва соли 2026 ба 177 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расидааст.
Маблағгузории соҳаи тандурустӣ низ дар зарфи 35 соли Истиқлол ба таври назаррас афзоиш ёфта, нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 63 маротиба зиёд гардидааст.
Дар солҳои охир дар ноҳия зиёда аз 40 бунгоҳ ва маркази тиббии замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, дастгирии ҷавонон ва варзишгарон, инчунин рушди варзиши оммавӣ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ бунёд гардиданд.
Дар соҳаи фарҳанг низ пешравиҳо назаррас буда, маблағгузории ин соҳа танҳо дар даҳ соли охир зиёда аз 19 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ин давра биноҳои маъмурии замонавӣ, мағозаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Муҳтарам ҳамдиёрон!
Дар соҳаи иҷтимоӣ низ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Танҳо аз соли 1991 то соли 2026 дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ даҳҳо иншооти нави таълимӣ ва садҳо синфхонаи иловагӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Соли 2026 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 46 медал гардиданд, ки нисбат ба соли 2025 30 медал зиёд мебошад. Ин дастоварди назаррас аз баланд гардидани сатҳи дониш ва қобилияти зеҳнии насли ҷавони ноҳия шаҳодат медиҳад.
Дар соҳаи тандурустӣ низ корҳои созандагӣ идома доранд. Соли 2025 бинои нави шуъбаи қабул ва ёрии таъҷилӣ, се бинои нави бунгоҳи тиббӣ сохта шуда, бинои таваллудхона азнавсозӣ гардид. Соли 2026 бошад, сохтмони боз 4 бинои нави бунгоҳи тиббӣ ба анҷом расонида шуд.
Аҳолии ноҳия аз 102 ҳазору 100 нафар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ имрӯз ба 202 ҳазору 186 нафар расидааст. Афзоиши аҳолӣ тақозо менамояд, ки ба масъалаҳои рушди инфрасохтор, сохтмони муассисаҳои иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Дар солҳои охир корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия вусъати тоза пайдо кардаанд.
Танҳо дар соли 2025 зиёда аз 17 километр роҳҳои маҳаллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.
Дар 8 моҳи соли 2026 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аллакай 9 километр роҳҳои маҳаллӣ пурра мумфарш карда шуданд ва ин раванд идома дорад.
Дар доираи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 211 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 226 иншооти гуногун ба истифода дода шудааст, ки 107 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Айни замон дар назди 18 муассисаи таълимии ноҳия сохтмони 131 синфхонаи иловагӣ барои 2 ҳазору 433 ҷойи нишаст идома дорад.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бинои кӯҳнаи литсей, ки аз 20 синфхона иборат буд, азнавсозӣ гардида, ҳамчунин бинои муассисаи томактабӣ бо тарҳи муосир ва шароити хуб мавриди истифода қарор гирифт.
Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мардуми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо меҳнати содиқона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободии диёр саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фазои сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар ҳукмфармост. Сокинони ноҳия дар ҳамбастагӣ барои татбиқи ҳадафҳои созанда, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ талош менамоянд.
Азму иродаи ҳар як сокини ноҳия ба як ҳадафи бузург - таҳкими дастовардҳои Истиқлол, ободии Ватан, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва бунёди ҷомеаи пешрафта - равона гардидааст.
Имрӯз мо ифтихор дорем, ки ҷашни мубораки 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда, корҳои созанда ва ободкориҳои назаррас истиқбол мегирем.
Боварии комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо азму иродаи қавӣ, меҳнати софдилона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ минбаъд низ барои ободии Ватан, пешрафти ноҳия ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мо мутмаинем, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон ва заҳмати созандаи сокинон боз ҳам ободу зебо гардида, ба яке аз гӯшаҳои пешрафта ва зебоманзари Ватани маҳбубамон табдил хоҳад ёфт.
Бо ҳамин ниятҳои нек, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, собиқадорони меҳнат, ҷавонону наврасон ва тамоми ҳамватанони азиз самимона табрик менамоям.
Ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ, файзу баракат, тандурустӣ, саодат, сарбаландӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Бигзор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пояндаву ҷовидон, сулҳу ваҳдати миллӣ устувор ва Ватани маҳбубамон ҳамеша ободу пешрафта бошад!
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Хонаобод ва сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!