Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмиру ҳамворсозии роҳи маҳаллӣ дар деҳаҳои Себдара, Ғайрат ва Кайёндеҳи Ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр бо маром идома дорад. Боиси зикр аст, ки…
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмиру ҳамворсозии роҳи маҳаллӣ дар деҳаҳои Себдара, Ғайрат ва Кайёндеҳи Ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр бо маром идома дорад.
Боиси зикр аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои ободонӣ бо суръати баланд ҷараён дошта, сокинон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.