Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Мирзообод корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ бо суръат идома доранд. Айни замон дар деҳа сохтмони бинои нави боғчаи кӯдакона…
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Мирзообод корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ бо суръат идома доранд.
Айни замон дар деҳа сохтмони бинои нави боғчаи кӯдакона ҷараён дошта, он барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон ва беҳтар намудани хизматрасониҳои томактабӣ равона гардидааст.
Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ, иваз намудани симчӯбҳои кӯҳна бо симчӯбҳои муосир ва насби трансформатори нав амалӣ гардида истодааст. Ин иқдом ба баланд бардоштани сифати таъминоти барқ ва таъмини амнияти шабакаҳои барқӣ мусоидат хоҳад намуд.
Сокинони деҳаи Мирзообод ин корҳои созандаро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дастгирӣ намуда, онҳоро ҳамчун туҳфаи арзанда ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд.