Шоми имрӯз чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шукуҳи истиқлолият» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А. Ҷомӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту…
Шоми имрӯз чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шукуҳи истиқлолият» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А. Ҷомӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, аҳли зиё, ҷавонон, варзишгарон ва сокинони ноҳия баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардида, сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва намоишҳои фарҳангӣ фазои идона ва руҳияи ифтихори миллиро боз ҳам боло бурд