Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) яке аз ташаббусҳои муҳими байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 сентябри соли 2025 зимни мубоҳисаҳои умумии…
Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036) яке аз ташаббусҳои муҳими байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 сентябри соли 2025 зимни мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардид.
Қатъномаи дахлдор 9 апрели соли 2026 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иттифоқи оро қабул шуда, солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус пазируфта шуд.
Ин ташаббус бар он асос ёфтааст, ки дар шароити мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ, афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хатарҳои фаромиллӣ, таҳкими сулҳу амният бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки муҳити устувори ҳамкорӣ, адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон, рушди иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Ҳадафҳои стратегии даҳсола аз инҳо иборатанд:
таҳкими нақши дипломатия ва муколамаи сиёсӣ дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо;
рушди фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳо ва ҷомеаҳо;
баланд бардоштани саҳми ҷавонон ва занон дар раванди сулҳофаринӣ;
таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба терроризм, экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ;
мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ҳамчун омили муҳими таъмини сулҳи пойдор.
Аз нуқтаи назари сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати «дарҳои боз», ҳамкории созанда ва дипломатияи бисёрҷониба мебошад. Тоҷикистон тайи солҳои истиқлол бо пешниҳоди як қатор ташаббусҳои байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи об, иқлим ва рушди устувор, мавқеи худро ҳамчун кишвари ҷонибдори сулҳ ва ҳамкории байналмилалӣ таҳким бахшидааст. Пешниҳоди даҳсолаи мазкур низ дар ҳамин замина ба таҳкими нақши кишвар дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ равона гардидааст.
Аҳамияти сиёсии ин иқдом дар он ифода меёбад, ки он ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳид сохтани талошҳо барои ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва пешгирии низоъҳои нав даъват менамояд. Ин ташаббус ҳамчунин зарурати тарбияи насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги сулҳ таъкид мекунад.
Бо ин васила, «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» на танҳо як ташаббуси дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки саҳми амалӣ дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаи устувор барои зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Мусозода А.И. муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ