Дар деҳаи Пирӯзони Ҷамоати деҳоти Ифтихор бо иштироки сокинони ҷамоат вохӯрии сиёсӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар суҳбату вохӯрии имрӯза и.в раиси КИ ҲХДТ-дар ноҳияи А.Ҷомӣ Рамазон Шарифзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши…
Дар деҳаи Пирӯзони Ҷамоати деҳоти Ифтихор бо иштироки сокинони ҷамоат вохӯрии сиёсӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Дар суҳбату вохӯрии имрӯза и.в раиси КИ ҲХДТ-дар ноҳияи А.Ҷомӣ Рамазон Шарифзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Фирдавс Боймуродзода иштирок ва суханвари намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба аҳолӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот маълумоти муфид пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин иштирокчиён ба масъалаҳои риояи тартиботи ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, ҳамзистии осоишта ва саҳми ҳар як сокин дар рушди ҷомеа ҷалб гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон ба саволҳои худ посух гирифта, барои ҳамкорӣ дар ҳифзи амният ва суботи ҷомеа даъват шуданд.