Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи иқдоми «300 рӯзи созандагию бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» шанбегии дастаҷамъона бо…
Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ бахшида ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи иқдоми «300 рӯзи созандагию бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» шанбегии дастаҷамъона бо иштироки фаъоли кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Иштирокчиёни шанбегӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба корҳои тозагӣ, ободонии муҳити атроф, ҷамъоварии партовҳо, нигоҳубини дарахтон, нарм намудани замин ва ба тартиб даровардани ҳудуди ташкилот саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Чунин иқдомҳои созанда на танҳо ба беҳдошти муҳити зист мусоидат менамоянд, балки ҳисси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги ободкориро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.
Ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як сокини соҳибватан буда, саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ нишонаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.