Дар доираи таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия чорабинии фарҳангиву маърифатӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони…
Дар доираи таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия чорабинии фарҳангиву маърифатӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Абдукарим, И. в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Шарифзода Рамазон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Боймуродов Фирдавс баргузор гардид.
Дар чорабинӣ омӯзгорон, хонандагон, меҳмонон ва фаъолони соҳаи маориф бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иштирок намуда, бо қироати шеърҳо, сурудҳои ватандӯстона ва барномаҳои рангини фарҳангӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро тараннум намуданд.
Зимни суханронии муовини раиси ноҳия Қосимӣ Назокат зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмати миллат буда, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф рушду тараққӣ ёфта, барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор хонандагон ва наврасоне, ки дар озмуну алимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Чорабинӣ дар фазои идона баргузор гардида, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз давлатдории тоҷиконро дар қалби иштирокчиён боз ҳам тақвият бахшид.