Санаи 25-июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид. Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид, Сардори Раёсати…
Санаи 25-июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, И.в. раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Рамазон, иштирок намуда, сокинону ҷавонон ва дӯстдорони футболро ба ин санаи муҳим табрик гуфт. Қайд гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш, тарбияи ҷавонони солимандеш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст.
Таъкид карда шуд, ки футбол имрӯз яке аз василаҳои муҳими таҳкими дӯстиву рафоқат, муттаҳидии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ба ҳисоб рафта, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷавононро ба варзишгарӣ, ободкорӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа раҳнамоӣ менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бозии ҷолиби футбол миёни дастаҳои “Хуррамдиёр” ва “Меҳробод” баргузор гардида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.