26 май таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, кишоварзӣ, сохтмон, иҷтимоӣ ва идеологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои нақшаи…
26 май таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, кишоварзӣ, сохтмон, иҷтимоӣ ва идеологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои нақшаи андоз, кишти пахта, истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии ҳосили пиёзу картошка, мубориза бар зидди малах, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва таъмини содироти маҳсулоти кишоварзӣ равона шуд.
Ҳамчунин, рафти корҳои ободонӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, таъмири роҳҳо, ҷалби сармоя, пешгирии ғарқшавии кӯдакон, татбиқи барномаи «Е-хониш», танзими нархи маҳсулот дар арафаи иди Қурбон ва истифодаи оқилонаи неруи барқ баррасӣ гардиданд.
Пас аз анҷоми ҷаласа раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид ба масъулони ноҳия ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии супоришҳо дастуру вазифаҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки иҷрои онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор мегирад.