Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои сохтмонии бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо суръати баланд идома дошта, иншооти мазкур ба истиқболи ҷашни муҳими миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Бинои нав бо…
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои сохтмонии бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо суръати баланд идома дошта, иншооти мазкур ба истиқболи ҷашни муҳими миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Бинои нав бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи меъмории муосир сохта шуда, барои баргузории маҷлисҳо, ҳамоишҳои сиёсӣ ва қабули шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорад. Тибқи иттилои масъулон, дар иншоот утоқҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ, шабакаҳои муосири коммуникатсионӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Сохтмон бо ҷалби мутахассисон ва истифодаи масолеҳи босифат амалӣ гардида, имрӯзҳо корҳои бетонӣ, насби сақф ва рафти хиштчинӣ дар ошёна сеюм идома дорад. Масъулони сохтмон таъкид менамоянд, ки корҳои бунёдӣ мутобиқи нақша пеш рафта, иншоот дар муҳлати муайяншуда мавриди истифода қарор дода мешавад.
Аз рафти корҳои сохтмонӣ муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дидан намуда, бобати босифат ва дар мӯҳлати муаян гардида ба анҷом расидани сохтмон тавсияҳо доданд.
Бояд қайд намуд, ки бунёди чунин иншоотҳо дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дошта, барои беҳтар гардидани шароити хизматрасонӣ ва рушди фаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.