Имрӯз, 1-уми май, таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ҷаласаи корӣ тариқи маҷозӣ бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулони соҳаҳои марбута баргузор гардид.
Ҳамзамон дар кори ҷаласа сардори сарраёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳасанзода Баҳодур иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 25 апрели соли ҷорӣ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилоят дар ноҳияи Данғара баён гардида буданд, мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Иҷрои дурнамои кишти пахта, коркарди байни каторхо мавриди таҳлил қарор гирифт.
Ҳамзамон, масъалаи ба ҳисоботи электронӣ ворид намудани маълумот дар шакли 1-ФХД (фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ) то ҳол пурра ҳал нашуда, ба масъулон дастур дода шуд, ки ин равандро ҳарчи зудтар ба низом дароранд.
Дар ҷаласа инчунин фаъолияти Ситоди «Мубориза бар зидди малах» мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки бояд дар ин самт корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Масъалаҳои дигар, аз ҷумла дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини мавсими обрасонӣ ба зироатҳо, фаъолияти ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ, пардохти саривақтии андозҳо ва истифодаи оқилонаи неруи барқ дар насосҳои обкашӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои парвариш ва ҷамъоварии пилла, омодагӣ ба кишти такрории зироатҳо, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар анҷоми ҷаласа раиси ноҳия ба раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода мешавад.