Субҳи имрӯз, 4 майи соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси ноҳия, муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид, машварати назоратӣ оид ба баррасии иҷрои дастуру супоришҳои ҳафтаи гузашта баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид қайд намуданд, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2026, №15/1-41 ва мутобиқи моддаи 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ» Қосимӣ Назокат Шералӣ ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин гардиданд.Ба Қосимӣ Назокат барои таъин гаштанашон ба вазифаи муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ барору комёбиҳо орзу намуданд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия тамоми кормандон ва собиқадорони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 4 май - Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд. Қайд гардид, ки нақши кормандони мақомоти андоз дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва татбиқи босамари сиёсати молиявии давлат бағоят муҳим ва арзишманд мебошад.Бахшида ба Рӯзи касбии кормандони нозироти андоз як қатор фаъолони нозироти андози ноҳия бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Зимни баромади худ раиси ноҳия вобаста ба боришоти зиёд ва ба амал омадани сел ба масъулон ва раисони ҷамоатҳо супориш доданд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода чораҳои фаврӣ андешанд. Таъкид гардид, ки иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат бояд пурра, саривақт ва бо масъулияти баланд таъмин карда шавад.
Дар ин замина, таваҷҷуҳи махсус ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.
Дар ҷараёни маҷлис масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, бунёду навсозии иншооти ҷашнӣ ва ободонии маҳаллаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки ҳамаи корҳои пешбинишуда бояд дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию тозакорӣ ва кабудизоркунӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, ташкилоту муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар фарҷом раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид аз масъулон талаб намуданд, ки иҷрои супоришҳои додашударо зери назорати ҷиддӣ қарор дода, барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ободонии бештари ноҳия фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.