Дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Пахтакор 1 иқдоми муҳим амалӣ гардида истодааст. Бо дастгирии саҳми сокинон ва соҳибкорон , сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар…
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Пахтакор 1 иқдоми муҳим амалӣ гардида истодааст. Бо дастгирии саҳми сокинон ва соҳибкорон , сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 бо маром идома дорад.
Ҳадаф аз ин иқдом беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоид барои хонандагон ва коҳиш додани танқисии ҷойи нишаст дар синфхонаҳо мебошад. Бо истифода додани синфхонаҳои нав, имконият фароҳам меояд, ки сифати таълим боз ҳам баланд бардошта шуда, хонандагон дар муҳити бароҳат ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Сохтмони иншоот бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва таълимӣ ба роҳ монда шуда, интизор меравад дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонида шавад. Ин иқдоми созанда намунаи равшани ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносии ҷомеа дар роҳи рушду пешрафти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.