Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид. Ба истиқболи ҷашни бо шукуҳи Наврӯзи байналмилали дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихор ноҳияи А.Ҷомӣ рӯзи 18-уми апрели соли…
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид.
Ба истиқболи ҷашни бо шукуҳи Наврӯзи байналмилали дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихор ноҳияи А.Ҷомӣ рӯзи 18-уми апрели соли 2026 мусобиқаи гӯштини миллӣ гӯштингирӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ, гӯштингирии ноҳияи А.Ҷомӣ паҳлавонони шинохтаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва берун аз он иштирок намуданд. Маврид ба тазаккур аст, ки дар мусобиқаи мазкур садҳо туҳфаҳои пуливу молии арзандаи идона ва 2-Шоҳҷоиза мошинҳои сабукрав чорабиниро ранги дигар бахшид.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи А.Ҷомӣ мусобиқаи гӯштини миллӣ гӯштингири дар сатҳи бениҳоят баланд баргузор гардид, ки дар он беҳтарин паҳлавонон бо ҳам рақобат намуданд.
Дар мусобиқаи мазкур раиси ноҳияи А.Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иштирок намуда мусобиқачиёнро ва меҳмонону собиқадоронро ба ин чорабинии бо шукуҳ хайрумақдам гуфтанд.
Инчунин раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба собиқадорони ин намуди варзиш бо Ҷома ва мукофоти пули қадрдони намуданд.
Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои миллии варзишӣ ва таърихи гӯштингирӣ баргузор шуд, ба рӯйдоди муҳими фарҳангӣ табдил ёфт