СОЛИ 2026 -«СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ВА ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ» (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025) Соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори…
СОЛИ 2026 -«СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ВА ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ»
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025)
Соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст. Ин ташаббус дар Паёми навбатии Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 пешниҳод шуда, ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ равона гардидааст.
Аз ин ташабусҳои созандаи Пешвои миллат ҷавонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамаҷониба дастгири намуда дар ин соли таърихсозӣ дар корҳои созандаги саҳми бо сазои худро гузошта истодаанд.
Ҷавонони деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ифтихор ба хотири солимии аҳоли як майдончаи хурди футбол дар назди МТМУ-и рақами 50-деҳаи мазкур сохта дар ҳоли анҷомёбист.
Аҳсану офарин ба чунин ҷавонони ташабускору созанда.