Дар арафаи иди саиди Фитр ва Иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба зиёда аз 100 нафар шахсони ниёзманд кумаки яквақтаинаи анвои ғизоӣ расонида шуд. Ин иқдом дар доираи дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати…
Дар арафаи иди саиди Фитр ва Иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба зиёда аз 100 нафар шахсони ниёзманд кумаки яквақтаинаи анвои ғизоӣ расонида шуд.
Ин иқдом дар доираи дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Дар расонидани кумак раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид иштирок намуда, иброз дошт, ки ғамхорӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, чунин иқдомҳои хайриявӣ пайваста роҳандозӣ мегарданд.
Ин иқдоми нек боиси болида гардидани рӯҳияи шахсони ниёзманд гардида, нишонаи таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба аҳолӣ мебошад.