Ба ифтихори фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии "Ҷавонон" чорабинии варзишии бандкашӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа ҷавонон ва варзишдӯстони ноҳия фаъолона иштирок намуда, маҳорати ҷисмонӣ ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиро нишон…
Ба ифтихори фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии "Ҷавонон" чорабинии варзишии бандкашӣ баргузор гардид. Дар мусобиқа ҷавонон ва варзишдӯстони ноҳия фаъолона иштирок намуда, маҳорати ҷисмонӣ ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмиро нишон доданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ташкил шуда, ҳадаф аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва боло бурдани руҳияи идона дар байни сокинон арзёбӣ гардид.
Дар ҷараёни мусобиқа чанд даста байни ҳам рақобат карданд. Иштирокчиён бо шавқу ҳаваси зиёд дар ин намуди варзиш қувваозмоӣ намуда, тамошобинон низ онҳоро бо кафкӯбӣ ва дастгирӣ рӯҳбаланд мекарданд.
Ташкилкунандагон таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳои варзишӣ барои муттаҳид сохтани ҷавонон ва эҳёи анъанаҳои миллӣ нақши муҳим доранд.