“Пирони рӯзгордида давлати сари мо мебошанд” Эмомалӣ Раҳмон Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд ва Сокина Хоҷазода – муовини раиси…
“Пирони рӯзгордида давлати сари мо мебошанд”
Эмомалӣ Раҳмон
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд ва Сокина Хоҷазода – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба Ҷамоати деҳоти Сайёд, деҳоти Зарнисор, Роҳила Шариповаро, ки синнашон аз 100 сола боло мебошад ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод гуфта, бо рӯзгорашон аз наздик шинос гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд аснои дидорбинӣ бо пири рӯзгордида сӯҳбати самимӣ анҷом дода, саҳми онҳоро, дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва дарёфти роҳи дурусти зиндагӣ арзишманд арзёбӣ намуд.
Пирони кор бо шукргузорӣ, аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат изҳори хушӣ ва қаноатмандӣ карда, аз талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуданда, дар ҳаққи Пешвои маҳбуби миллат дуоҳои нек карданд.
Муҳтарам Амирзода Маҳмуд саҳми модаронро дар пешрафти ҷомеа ситоиш кард ва аёдати пирони корро аз як тараф арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи онҳо ва аз ҷониби дигар беҳтарин васила дар тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ва ба меҳнати софдилона талқин намудани онҳо маънидод намуд.
- Дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя мешавад. Дар он омадааст, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар ин маврид иброз дошта буданд, «пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кумаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат, мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ меомӯзем».
Бо ҳидояти муҳтарам Амирзода Маҳмуд аёдату дидорбинии собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар арафаи Рӯзи Модар аз ҷониби муовинон, кормандони дастгоҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони муассисаву дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ низ роҳандозӣ гардид.