10 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабинии муҳими сиёсӣ ва ҳарбӣ вобаста ба мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ бо иштироки сокинони ноҳия баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш таҳкими омодабошии ҷангӣ, баланд бардоштани ҳисси…
10 марти соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабинии муҳими сиёсӣ ва ҳарбӣ вобаста ба мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ бо иштироки сокинони ноҳия баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш таҳкими омодабошии ҷангӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеа дар самти ҳифзи амният ва мудофиаи кишвар арзёбӣ гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати роҳбарияти олии ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид, муовинони раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия подполковник Тағойзода Саидамир, инчунин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон таъкид намуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар ҳифзи истиқлолу суботи кишвар нақши калидӣ мебозад. Ҳамзамон, ӯ ҷавононро ба хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ даъват намуда, хизмати ҳарбиро мактаби ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстӣ арзёбӣ кард.
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид низ зимни баромади худ аз саҳми ҷавонони ноҳия дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ёдовар шуда, иброз дошт, ки мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва омода намудани онҳо ба ҳифзи Ватан тадбирҳои мушаххас амалӣ менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба омодабошии мудофиаи ҳудудӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои қудратӣ, инчунин ҷалби захираҳои сафарбарӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор фаъолони ноҳия ва волидоне, ки фарзандонашон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона хизмат менамоянд, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинии мазкур бори дигар аз омодагии баланди сохторҳои низомӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии сокинони ноҳия дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан шаҳодат дод.