Санат 28 феврали соли 2026 дар доираи соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар ноҳия аксияи "Як ҷавон - як дарахт" роҳандозӣ гардид, ки дар аксияи мазкур роҳбарону кормандони…
Санат 28 феврали соли 2026 дар доираи соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар ноҳия аксияи "Як ҷавон - як дарахт" роҳандозӣ гардид, ки дар аксияи мазкур роҳбарону кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон ҷавонони фаъолони ҷомеа бо руҳияи баланди масъулиятшиносӣ дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ширкат варзиданд.
Ин иқдоми созанда рамзи таваҷҷуҳи ҷавонон ба ҳифзи табиат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар сарсабзии Тоҷикистони маҳбуб маҳсуб меёбад.
Аксияи «Як ҷавон – як дарахт» на танҳо маъракаи ниҳолшинонӣ, балки ҳаракати умумиҷумҳуриявӣ дар роҳи бунёдкорӣ, созандагӣ ва таъмини рушди устувори кишвар мебошад.
Баргузории аксияи мазкур дар шаҳру ноҳияҳо бомаром идома дорад.

Барои сарсабзии диёр саҳм мегузорем
Реша дар хоки Ватан

Тасаввур кунед…
Агар дар кишвари азизамон Тоҷикистон тақрибан 3 000 000 ҷавон (14–35 сола) бошад
ва ҳар як ҷавон танҳо 1 дарахт шинонад


= 3 000 000 дарахт!
Агар ҳар ҷавон 2 дарахт шинонад