Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва рушди варзиш миёни сарбозон ва афсарони ҳарбӣ, дар қисми низомии 87740-и ҚМҶТ мусобиқаи футбол таҳти унвони " Ҳомии Ватан" бо иштироки Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи…
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими руҳияи ватандӯстӣ ва рушди варзиш миёни сарбозон ва афсарони ҳарбӣ, дар қисми низомии 87740-и ҚМҶТ мусобиқаи футбол таҳти унвони " Ҳомии Ватан" бо иштироки Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Боймуродзода Фирдавс о ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муминов Саидҷон оғоз гардид.
Чорабини бахшида ба 33- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Артиши миллӣ такягоҳи боэътимоди кишвар" баргузор шуда, дар он сарбозону афсарон фаъолона иштирок намуданд. Қабл аз оғози мусобиқа масъулин баромад намуда, аҳамияти варзишро дар таҳкими интизом, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ миёни хизматчиён таъкид карданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои болидарӯҳии сарбозон, баланд бардоштани омодагии ҷисмонӣ ва густариши фарҳанги варзишӣ мусоидат менамояд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланд вориди рақобат гардида, бозии ҷолибу шавқоварро ба намоиш гузоштанд.
Мусобиқа дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён дошта, беҳтарин дастаҳо ва бозигарон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда.